даъвогарӣ — [دعواگري] даъвогар будан, талабгорӣ, чизеро хостгор шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
даъво — [دعوا] а 1. ҳуқ. арз ба мақомоти судӣ барои муҳофизати ҳуқуқи поймолшуда ё манфиат; чизе ё ҳаққе, ки ба воситаи додгоҳ (мақомоти судӣ) аз касе талаб мешавад, додхоҳӣ, талаби ҳақ 2. иддао, талаб, тақозо: даъвои ҳаққонӣ 3. фикру ақидае, ки оид ба… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гиребон — [گريبان] он қисми либос, ки аз сари сина сар шуда, атрофи гарданро фаро мегирад, яқа, яха; гиребон даридан (пора кардан, чок намудан) ба дод омадан, изҳори бетоқатӣ кардан (дар марги касе ё аз афсӯсу пушаймонӣ); гиребони худро гирифтан (доштан)… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гиребонгир — [گريبان گير] ба гиребон часпанда; домангир, муддаӣ; гиребонгири касе шудан (гардидан) маҷ. гирифторкунандаи касе шудан; ба касе даъвогар шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғарӣ — [غري] ғар будан; бадахлоқӣ, фосиқӣ, фоҳишагӣ ◊ ҳам ғариву ҳам пешхезӣ дар мавриде гуфта мешавад, ки шахсе кори баде карда, баъд пешхезӣ мекунад ё худ кори ношоистае карда, аз дигарон даъвогар мешавад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
доман — [دامن] 1. қисми поёнии либос: домани курта, домани пӯстин, домани ҷома: офтобро бо доман пӯшида намешавад (мақ.) 2. миқдори чизе, ки дар доман мегунҷад; доман доман хеле зиёд, ниҳоят бисёр 3. канору ҳошияи ҳар чиз; қисми охири ҳар чиз, домана:… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
домангир — [دامن گير] 1. маҷ. монеъ, боздоранда аз коре, мамониаткунанда дар коре 2. маҷ. даъвогар, муддаӣ аз касе барои чизе: домангир шудан 3. маҷ. хурдсол, дар доман парваришёфта: тифли домангири ман охир гиребонгир шуд (мақ.) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иддао — [اد عا] а. [аслаш иддио] 1. даъво, талаб, даъвогарӣ 2. даъвои бартарӣ аз ягон ҷиҳат, манманӣ, ҳавобаландӣ, фахри муддаиёна; иддао кардан даъво кардан, муддаӣ будан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қозихона — [قاضي خانه] таър. маҳкамаи қозӣ, дорулқазо, ки мурофиаҳо дар он ҷо анҷом меёфтанд; ба қозихона кашидан (касеро) ба касе даъвогар шуда, ӯро барои мурофиа ба қозихона бурдан; муқоб. ба суд додан ◊ гапро ба қозихона бурдан аз пайи таҳқиқи гапе шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
муддаӣ — [مدعي] 1. даъвогар, даъвокунанда; додхоҳ 2. иддаокунанда, сифатеро ба худ нисбат дода фахркунанда 3. кит., маҷ. рақиб, ҳариф … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ